Қарори суд: ВКД ба модари Баҳромиддин Шодиев 14 ҳазор сомонӣ медиҳад

Додгоҳи ноҳияи Исмоил сомонӣ пас аз баррасии ниҳоии парвандаи марги сокини 28-солаи пойтахт Баҳромиддин Шодиев, ки пас аз пурсиш дар Шуъбаи ВКД –и ноҳияи Шоҳмансур ба ҳалокат расида буд, Вазорати корҳои дохиларо ба супоридани 14 ҳазор сомонӣ ҷубронӣ моддӣ ва маънавӣ ба модари фавтида муваззаф кард. Судя Ҳотамҷон Раҷабов 18-уми ноябр таъкид дошт, ки қарор […]

Мавзуна Абдуллоева


Додгоҳи ноҳияи Исмоил сомонӣ пас аз баррасии ниҳоии парвандаи марги сокини 28-солаи пойтахт Баҳромиддин Шодиев, ки пас аз пурсиш дар Шуъбаи ВКД –и ноҳияи Шоҳмансур ба ҳалокат расида буд, Вазорати корҳои дохиларо ба супоридани 14 ҳазор сомонӣ ҷубронӣ моддӣ ва маънавӣ ба модари фавтида муваззаф кард.

Судя Ҳотамҷон Раҷабов 18-уми ноябр таъкид дошт, ки қарор оид ба ҷуброни маънавӣ тибқи модаҳои 198 ва 203-и Кодекси мурофиаи гражданӣ қабул карда шудавст. Дар робита ба ин, Вазорати корҳои дохила бояд 8 ҳазору 579 сомонию 30 дирам ба модари Баҳромиддин Шодиев барои ҷуброни зарари моддӣ ва 6 ҳазор сомонӣ зарарӣ маънавӣ супорад. Инчунин, ба гуфтаи судя, аз Вазорати корҳои дохила ба фоидаи давлат 61 сомонӣ боҷи давлатӣ  руёнида мешавад.

Аммо модари фавтида Ниёзбӣ Бӯриева, ки пулҳои руёнидашударо барои ба воя расонидани наберааш нияти сарф кардан дошт, мегӯяд, ки аз ҳалномаи суд розӣ нест.

Баҳромиддин Шодиев рӯзи 19-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе боздошт гардид. Гумонбаршуда баъди аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба шӯъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ мунтақил шудан ба ҳалокат расид. Мутобиқи фарзияи кормандони милиса, Шодиев пас аз боздошт аз ошёнаи дуюми бинои ШКД худро ба поин афканда, ба ҳалокат расидааст.

Тибқи фарзияи дигар, ки аз ҷониби хешовандони фавтида садо дод, Шодиев дар шӯъбаи милиса мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифта, бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба шӯъбаи эҳёгарии бемористон мунтақил ва пас аз 10 рӯз фавтидааст.

Пас аз ин ҳодиса дар Вазорати корҳои дохилӣ тафтишоти дохилӣ доир гардида, барои риоя накардани тартиботи бозпурсӣ кормандони фаврӣ –  майори милиса Диловар Муродов, капитани милиса Алишер Иноятов ва муфаттиши масъули тафтиши ҳодисаҳои дуздӣ лейтенанти милиса Абдураҳмон Додов аз мансаб сабукдӯш гардиданд.

Ғайр аз ин, муовини сардори ШКД-и ноҳияи Шоҳмансур, подполковники милиса Илҳомҷон Каримов низ аз вазифа озод гардид.

Бо фармони вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ба сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур полковники милиса Сафармад Одинаев, сардори шӯъбаи тафтишот майори милиса Абдуқодир Назаров ва муовини ӯ Баҳодур Содиқов огоҳии қатъӣ эълон гардид.

Ҳодисаи мазкур миёни аҳли ҷомеа сарусадоҳои зиёде ба бор овард. Эътилофи Ташкилоти ғайриҳукуматӣ (ТҒҲ)-и мубориза алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон аз ҳукуматдорон даъват ба амал овард, ки тафтишоти фаврӣ ва дақиқи қазияи марги сокини 28-солаи шаҳри Душанбе Баҳромиддин Шодиевро баргузор намоянд.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.