Идомаи вуруди барқияҳои табрикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон

Вуруди барқияҳои табрикӣ ба унвони президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон идома дорад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии императори Ҷопон Акихито ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик рифоҳ ва пешрафт таманно мешавад. Дар барқияи табрикотии президенти Конфедератсияи Швейтсария Уэли Маурер изҳори итминон мешавад, ки робитаҳои неки мавҷуда байни ҳар […]

ASIA-Plus


Вуруди барқияҳои табрикӣ ба унвони президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон идома дорад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии императори Ҷопон Акихито ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик рифоҳ ва пешрафт таманно мешавад.

Дар барқияи табрикотии президенти Конфедератсияи Швейтсария Уэли Маурер изҳори итминон мешавад, ки робитаҳои неки мавҷуда байни ҳар ду кишвар дар оянда низ таҳким ва густариши тоза пайдо хоҳанд кард.

Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш ба Эмомалӣ Раҳмон «дар татбиқи минбаъдаи мақсаду вазифаҳои муҳим ҷиҳати таҳкиму густариши иқтисод ва суботи Тоҷикистон, ҳамчунин таъмини осоиши мардум муваффақиятҳои беназир» орзу кардааст.

Дар барқияи шодбошии Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведев бо қаноатмандӣ изҳор мегардад, ки «ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодии Русияву Тоҷикистон зина ба зина рушд намуда, лоиҳаҳои муштараке дар бахшҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳо бо муваффақият татбиқ гардида истодаанд ва ин ҳама комилан ҷавобгӯи манфиатҳои мардуми Русия ва Тоҷикистон мебошад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.