Соҳибмулкони манзилҳои барои кӯчонидан пешбинишудаи маркази пойтахт дар ҳузури Убайдуллоев

Нимаи дуюми рӯзи 18-уми ноябр раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 27 нафар соҳибмулкони манзилҳо дар маркази шаҳрро, ки тибқи Нақшаи генералӣ манзилҳояшон кӯчонида мешаванд, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, раиси пойтахт ба соҳибмулкони манзилҳо шарҳ дод, ки онҳо ба гирифтани ҷуброни арзиши бозории амвол ё худ квартираҳои баробарарзиш ҳуқуқ […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми рӯзи 18-уми ноябр раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 27 нафар соҳибмулкони манзилҳо дар маркази шаҳрро, ки тибқи Нақшаи генералӣ манзилҳояшон кӯчонида мешаванд, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, раиси пойтахт ба соҳибмулкони манзилҳо шарҳ дод, ки онҳо ба гирифтани ҷуброни арзиши бозории амвол ё худ квартираҳои баробарарзиш ҳуқуқ доранд.

«Зимни суҳбати ошкоро ва самимона сокинон аз мавқеъ ва мароми шаҳрдорӣ оид ба ободонии шаҳр ҷонибдорӣ карда, аз пешниҳодоти Раиси шаҳр: то анҷоми сохтмони иншооти пешбинигардида кӯчидан ба квартираҳои моликияти коммуналӣ бе пардохти музди иҷораи  истифодаи  он бо пардохтҳои ҳатмии коммуналӣ ва ҳангоми ба итмом расидани сохтмони биноҳои баландошёнаи 12-14 ва 16 ошёна дар маркази шаҳр бо квартираҳои баробарарзиш таъмин гардидан, ҷонибдорӣ намуданд», – гуфта мешавад дар иттилои мақомоти шаҳрдорӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев бо дарназардошти тафоҳумоти ба миёномада, баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибмулкон ба масъулини шаҳрдорӣ дастур фармуд, ки заминаҳои ҳуқуқии ин тафоҳумот тариқи нотариалӣ ва бо қарорҳои раиси шаҳр ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба расмият дароварда шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.