Ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамсари Амонулло Ҳукуматулло

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ нисбати ҳамсари сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло барои риоя накардани меъёрҳои қонуни кишвар «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» парвандаи маъмурӣ боз намуд. Таври маълум, писари ин хонадон, ноболиғ Расул Амонулло дар садамаи нақлиёте иштирок дошт, ки ба ҳалокати се нафар боис гардид. Дар ин бора […]

Аваз Юлдошев


Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ нисбати ҳамсари сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло барои риоя накардани меъёрҳои қонуни кишвар «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» парвандаи маъмурӣ боз намуд. Таври маълум, писари ин хонадон, ноболиғ Расул Амонулло дар садамаи нақлиёте иштирок дошт, ки ба ҳалокати се нафар боис гардид. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, вобаста ба беэътиноӣ ва бемасъулиятӣ нишон додан дар таълиму тарбияи фарзанд нисбати волидони Расули Амонулло тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар он барои риоя накардани қонун ба маблағи аз 40 то 120 сомонӣ ҷаримабандӣ пешбинӣ шудааст.

«Мутобиқи талаботи қонунгузории Тоҷикистон, барои риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд» танҳо яке аз волидайн ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб карда мешаванд», – иброз дошт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти ВКД ҶТ, нисбати иштирокчии дигари садамаи мазкур сокини шаҳри Душанбе Умарҷон Шарипови 21-сола, ки пеш бо моддаи 237, қисми 2 Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст,  парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 212, қисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки бар асари садамаи нақлиёти фоҷеабор, ки шоми рӯзи 9-уми октябр  дар хиёбони Рӯдакии пойтахт рух дод, се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд. Дар ин садама автомашинаи тамғаи «БМВ» таҳти идораи Расул Амонуллои 16-сола суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд намуда, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ 21-014 бархӯрд.

Аз рӯи далели ин садамаи фоҷеабор мутобиқи моддаи 212, қ. 3 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт,  ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, дар он ҳукми аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.