Дар ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон аз интихоботи миёндавраӣ интизорӣ меравад, зеро чанде аз вакилон метавонанд ба ҳайати нави ҳукумат шомил гарданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, аллакай маълум аст, ки бинобар сабаби ба вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ таъин шудани раиси ВМКБ Қодири Қосим, мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, ӯ муваззаф аст, ки ваколатҳои аъзои палатаи болоии парлумон, муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ-ро супорад.
«Ояндаи наздик имзои фармони президент дар бораи ба вазифаи муовини нахуствазири ҷумҳурӣ оид ба масоили бахши иҷтимоӣ, фарҳанг, илм ва иттилоот таъин шудани раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба маориф, илм ва сиёсати ҷавонон Марҳабо Ҷабборова дар назар аст», – гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки ояндаи наздик ба ҳайати ҳукумати нав ба кор гузаштани дигар аъзои палатаи поёнии парлумон низ аз эҳтимол дур нест.



