Модари маҳбуси 21-сола: Писари маро бесабаб лату кӯб карданд

Модари маҳбуси 21-сола Олим Шоев, ки дар муассисаи ислоҳии №3/4 (бештар маъруф бо «колония»-и 1-ум дар Советский») адои ҷазо мекунад, ба идораи ОИ «Азия-Плюс» омада, аз он шикоят кард, ки писараш мавриди лату кӯби кормандони муассиса қарор гирифтааст. «Ин ҳодиса рӯзи 18-уми ноябр ба вуқӯъ пайваста, писарам тавассути телефон ба ман хабар дод, ки чор […]

ASIA-Plus


Модари маҳбуси 21-сола Олим Шоев, ки дар муассисаи ислоҳии №3/4 (бештар маъруф бо «колония»-и 1-ум дар Советский») адои ҷазо мекунад, ба идораи ОИ «Азия-Плюс» омада, аз он шикоят кард, ки писараш мавриди лату кӯби кормандони муассиса қарор гирифтааст.

«Ин ҳодиса рӯзи 18-уми ноябр ба вуқӯъ пайваста, писарам тавассути телефон ба ман хабар дод, ки чор нафар кормандони муассиса бидуни сабабе, танҳо барои хоҳиши ба бар кардани куртка баъди аз рентен гузаштан ӯро лату кӯб кардаанд», – гуфт модари маҳбус.

Рӯзи дигар тағои Олим бо ӯ вохӯрда, дар рӯи Олим осори захму лату кӯбро мебинад ва мегӯяд, ки ӯ базӯр роҳ мерафт, вале ба аз назар гузаронидани тамоми ҷисмаш ба ӯ иҷозат надодаанд.

Баъди шикоят ба КДАМ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар мақомот, прокуратура ҳолатҳои ин ҳодисаро санҷида, маълумот додааст, ки дар ҷисми Шоев ҷароҳатҳои сабук мушоҳида шудаанд, ки ба ҳаёт ва саломатӣ безараранд, вале модари маҳбус мегӯяд, ки «онҳо барои баргузории ташхиси мустақил талош хоҳанд варзид».

Номбурда ҳамчунин гуфт, хоҳони он аст, ки мақомоти дахлдори давлатӣ ба ин ҳодиса вокуниш нишон дода, афроди гунаҳкор муҷозот шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.