Изҳороти намояндаи домии Тоҷикистон дар СММ оид ба Афғонистон

Рӯзи 20-уми ноябри соли ҷорӣ Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷидин Аслов зимни нишасти навбатии иҷлоси 68-уми Маҷмаи Умумии СММ, ки ба мавзӯи «Вазъият дар Афғонистон» бахшида шуда буд, аз номи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) суханронӣ намуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар суханронӣ Аслов изҳор намуд, ки раванди ноилшавӣ ба […]

ASIA-Plus


Рӯзи 20-уми ноябри соли ҷорӣ Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷидин Аслов зимни нишасти навбатии иҷлоси 68-уми Маҷмаи Умумии СММ, ки ба мавзӯи «Вазъият дар Афғонистон» бахшида шуда буд, аз номи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) суханронӣ намуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар суханронӣ Аслов изҳор намуд, ки раванди ноилшавӣ ба сулҳу ваҳдат дар Афғонистон бояд таҳти пешбарии ҳукумату мардуми он кишвар татбиқ шавад.

Қайд карда шуд, ки кишварҳои аъзои СҲШ раванди барқарорсозии Афғонистонро ҳаматарафа дастгирӣ намуда, ба мардуми он кишвар ёрӣ, аз он ҷумла кӯмаки башардӯстонаро расонида истодаанд.

Сафир Аслов таззакур кард, ки СҲШ омодааст дар оянда низ бо мақсади рушди Афғонистон робитаҳои иқтисодӣ ва савдоро байни СҲШ ва Афғонистон вусъат бахшад. Намояндаи доимӣ афзуд, ки татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, сохтмони роҳҳои оҳан ва автомобилгард ба рушди иқтисод ва таъсиси ҷойхои кории нав дар он кишвар мусоидат мерасонад.

Дар поёни суханронӣ Аслов нақши марказии Намояндагии СММ дар Афғонистонро барои мусоидат ба ин кишвар дар расонидани ёрии зарурӣ ба раванди сулҳу барқарорсозӣ қайд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.