Ба Кодексҳои ҷиноиву андоз тағйирот ворид мешавад

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров масъалаҳои тасдиқи Созишномаи қарзӣ миёни Тоҷикистону Фонди саъудӣ оид ба рушд тибқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани макотиби таҳсилоти умумӣ» ва Созишномаи бурсӣ миёни Тоҷикистону Ассостсиатсияи байнулмилалии рушд аз рӯи лоиҳаи «Беҳбуди хизматгузориҳои тиббӣ» баррасӣ шуданд. Тавре ба […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров масъалаҳои тасдиқи Созишномаи қарзӣ миёни Тоҷикистону Фонди саъудӣ оид ба рушд тибқи лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани макотиби таҳсилоти умумӣ» ва Созишномаи бурсӣ миёни Тоҷикистону Ассостсиатсияи байнулмилалии рушд аз рӯи лоиҳаи «Беҳбуди хизматгузориҳои тиббӣ» баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин масоили ворид намудани тағйироту илова ба Кодексҳои ҷиноиву андози ҷумҳурӣ, Қонунҳои ҶТ «Дар бораи милитсия», «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013» низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Тамоми масъалаҳои дар ҷаласаи Шӯро баррасишуда ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум, ки рӯзи 27-уми ноябри соли равон баргузор мешавад, дохил карда шуданд», – гуфт М.Султонов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.