Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар интихоботи парлумонии Туркманистон

Намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии ҷумҳурӣ дар ҳайати гурӯҳи нозирони ИДМ дар мониторинги интихобот ба парлумони Туркманистон, ки ба санаи 15-уми декабри соли равон таъин шудааст, ширкат хоҳанд варзид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР ҶТ хабар дод, ба ҳайати гурӯҳи нозирони байнулмилалӣ дар интихоботи парлумонии Туркманистон […]

Аваз Юлдошев


Намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии ҷумҳурӣ дар ҳайати гурӯҳи нозирони ИДМ дар мониторинги интихобот ба парлумони Туркманистон, ки ба санаи 15-уми декабри соли равон таъин шудааст, ширкат хоҳанд варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз КМИР ҶТ хабар дод, ба ҳайати гурӯҳи нозирони байнулмилалӣ дар интихоботи парлумонии Туркманистон сармушовири президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Хурсандмурод Мирзоев ва узви КМИР ҶТ Ҷамшед Ҷамшедов шомил гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 15-уми декабр дар Туркманистон интихобот ба Маҷлиси (парламент) даъвати панҷум доир мегардад. Бори нахуст дар таърихи кишвар парлумон дуҳизбӣ мешавад. Барои курсиҳо дар парлумони кишвар ду ҳизб – Ҳизби демократии Туркманистон ва Ҳизби саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон рақобат мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.