Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ пеш аз муҳлат иҷро шуд

То имрӯз нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 100% ба иҷро расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, нақшаи даъват дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар иҷро шуда, наваскарони артиши Тоҷикистон дар ихтиёри қисмҳои низомии омӯзишӣ ва дигар ҷузъу томҳо қарор гирифтанд. […]

Аваз Юлдошев


То имрӯз нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 100% ба иҷро расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, нақшаи даъват дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар иҷро шуда, наваскарони артиши Тоҷикистон дар ихтиёри қисмҳои низомии омӯзишӣ ва дигар ҷузъу томҳо қарор гирифтанд. «Онҳо давраи омӯзишии машғулиятҳои сарбози ҷавонро гузашта, ояндаи наздик савганд ёд мекунанд», – иброз дошт ӯ.

Маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз ёфта, то 30-юми ноябр идома меёбад. Тибқи қонун, ба хизмат шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷират қарор доранд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – нерӯҳои низомии зудамал, хушкигард, дифоъи зиддиҳавоӣ ва нерӯҳои низомии ҳавоӣ иборат аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.