Президент сарвазири навро муаррифӣ кард

Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сарвазир ва аъзои нави ҳукумати ба кормандони ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон муаррифӣ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози ҷамъомад Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Оқил Оқилов барои хизматҳои бисёрсолаи арзандаи таҳсин дар вазифаҳои гуногун, хусусан дар мақоми сарвазири кишвар, арзи сипосу қадрдонӣ намуд. Суханҳои […]

ASIA-Plus


Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сарвазир ва аъзои нави ҳукумати ба кормандони ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон муаррифӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози ҷамъомад Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Оқил Оқилов барои хизматҳои бисёрсолаи арзандаи таҳсин дар вазифаҳои гуногун, хусусан дар мақоми сарвазири кишвар, арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Суханҳои неку қадрдонӣ, ҳамчунин нисбати муовини якуми собиқи сарвазир Матлубхон Давлатов ва муовини собиқи сарвазир Руқия Қурбонова баён карда шуд.

Президенти кишвар сарвазири ба тозагӣ таъиншудаи ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, муовини якуми нави сарвазир Давлаталӣ Саидов, муовини нави сарвазир Марҳабо Ҷабборова, муовини нави сарвазир Азим Иброҳим, муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева, вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонов, вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобоев ва раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати Тоҷикистон Мағфират Хидироваро ба аҳли толор муаррифӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки онҳо бо азму иродаи қавӣ, завқи баланд ва заҳмати софдилонаю содиқона тамоми донишу малака ва нерӯву тавонмандии худро ба таъмини рушду тараққиёти бемайлони Тоҷикистони азиз равона месозанд.

Иттилоъ дода шуд, ки нахустин маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон бо ҳайати нави он рӯзи 30-юми ноябри соли равон баргузор хоҳад шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар охири ҷамъомад бо истифода аз фурсати муносиб дар назди ҳозирин доир ба анҷоми босифати омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла ба кор даровардани маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва иншооти мавҷудаи барқу гармидиҳӣ, ба поён расондани кишти тирамоҳӣ ва иҷрои нақшаю барномаҳои дигари давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.