Раиси ҲНИТ бо муҳоҷирони тоҷики муқими Қазон мулоқот мекунад

Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ пагоҳ бо муҳоҷирони кории муқими вилояти Тотористони Русия мулоқот оростанист. Вохӯрӣ соати 18:00 дар Хонаи дӯстии халқҳои Тотористон баргузор мешавад. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, ӯ бо даъвати ҳукумати Қазон барои ширкат дар Форуми байналмилалии «Интегратсияи иқтисоди Авруосиё: Пешрафтҳо ва чолишҳо» ба […]

ASIA-Plus


Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ пагоҳ бо муҳоҷирони кории муқими вилояти Тотористони Русия мулоқот оростанист. Вохӯрӣ соати 18:00 дар Хонаи дӯстии халқҳои Тотористон баргузор мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, ӯ бо даъвати ҳукумати Қазон барои ширкат дар Форуми байналмилалии «Интегратсияи иқтисоди Авруосиё: Пешрафтҳо ва чолишҳо» ба шаҳри Қазони Русия сафар хоҳад кард. Форум аз ҷониби созмонҳои минтақавии «Маҳфили авруосиёӣ» ва «Муколамаи авруосиёӣ» созмон дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ ки барои иштирок дар “Конфронси бедории исломӣ дар Осиёи Маркзӣ” ба шаҳри Бишкеки ҷумҳурии Қирғизистони ҳамсоя сафар карда буд, зуҳри имрӯз 25 – ноябр  бо тоҷикони муқими Қирғизистон мулоқот намуд.

Дар ин вохурӣ, ҳайати ҲНИТ, Ойниҳол Бобоназарова – фаъъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ ва номзади ягонаи ИНИТ дар интихоботи гузаштаи президентии Тоҷикистон, Турсунбой Боқируғлу – вакили парлумони Қирғизистон, Муҳаммад Салоҳиддинов – роҳбари Анҷумани ташкилотҳои ҷамъиятии «Собрание» ва ҳамчунин яке аз муассисони сомонаи хабарии «Islamnews.ru» ва ғайра ширкат варзиданд.

Роҳбари ҲНИТ аз ҳузури Боқируғлу истиқбол карда, аз нақши Қирғизистон, кишвари ҳамсояи дуст дар сулҳи тоҷикон ёдовар шуд. Ӯ таъкид кард, ки вақте модари Акаев, президенти пешини Қирғизистон аз дунё гузашт, иҷозат надод ҷанозаи модараш хонда шавад, то созишномаи сулҳро тоҷикон имзо нагардад ва вақте созишномаи сулҳи тоҷикон имзо шуд, баъдан чанозаро ҳамроҳ хонданд.

Ҷаноби Кабирӣ гуфт, ки Қирғизистон нуктаҳои хуби омузандаи зиёде дорад, ки дигарон бояд аз он биомӯзанд, аз чумла дар заминаи демократия ва озодиҳои шаҳрвандӣ улгӯи хубе барои минтақа аст. Ӯ бо муаррифии Ойниҳол Бобоназарова ҳамчун номзад дар интихоботи гузашта, аз шуҷоату миллатдустии Бобоназарова изҳори сипос намуда, гуфт: “Мо аз натиҷаи интихобот руҳафтода нестем ва касоне, ки барои як интихобот ва ё як шахс ба саҳна меоянд, сиёсат ҷои онҳо нест.”

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ сохта мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.