Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс

– Дар меҳмонхонаи «Серена» аз соати 09:00 то 17:00 ярмаркаи маърифатӣ барпо мешавад, ки аз ҷониби «TM-international» – ширкати муштараки Тоҷикистону Малайзия барпо карда мешавад;

– Маъракаи «16 рӯз алайҳи хушунати хонаводагӣ» дар Тоҷикистон, ки рӯзи 25-уми ноябр дар Рӯзи байнулмилалии алайҳи хушунат нисбати занон оғоз гардид, идома меёбад;

– Дар Маскав таҳти раҳбарии Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа аз рӯи мавзӯи «Таҳияи тадбирҳои муштарак ҷиҳати пешгирӣ ва ҳалли вазъи буҳронӣ дар кишварҳои узви СААД» як чорабинӣ баргузор мешавад.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7735

сомонӣ;


1

евро

– 6.4156

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.149


2



сомонӣ.  



Як рӯзи таърих



Рӯзи умумиҷаҳонии иттилоот.


2001

– Президент Э.Раҳмонов дар бораи ифтитоҳи сафорати ҶТ дар Афғонистон фармон ба имзо расонид.


1946

– Зодрӯзи ҳунарпешаи театр ва кино Тағоймурод Розиқов.


1961

– Мавлуди раққоса ва овозхон Ширинмоҳ Ниҳолова.


1966

– Зодрӯзи журналист Парвиз Амирҷонов.



Вазъи обуҳаво




Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +11+16, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +6+11.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона бидуни боришот, шабона ва субҳгоҳон баъзан боришоти кӯтоҳмуддат. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +7+12, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +2+7.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона бидуни боришот, шабона ва субҳгоҳон баъзан боришоти кӯтоҳмуддат. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +2+7.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


баъзан боришоти кӯтоҳмуддат. 

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -3+2, рӯзона +5+10;  дар шарқи вилоят шабона -11-16, рӯзона -2+3.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, рӯзона бидуни боришот, шабона ва субҳгоҳон баъзан боришоти кӯтоҳмуддат.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +12+14.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +10+12.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +13+15.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +13+15.  


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришоти кӯтоҳмуддат. 

Ҳарорат: шабона 0+2, рӯзона +8+10.

spot_imgspot_img

Популярное