Ваколатҳои ду вакили Маҷлиси намояндагон қатъ мешавад

Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон масъалаи пеш аз муҳлат қатъ сохтани ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон Марҳабо Ҷабборова ва Махфират Хидирова, ҳамчунин хориҷ кардани онҳо аз ҳайати Кумитаҳои МНМО ҶТ баррасӣ мешавад. Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта бо фармони президенти ҷумҳурӣ Марҳабо Ҷабборова муовини нахуствазир ва Махфират Хидирова раиси […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон масъалаи пеш аз муҳлат қатъ сохтани ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон Марҳабо Ҷабборова ва Махфират Хидирова, ҳамчунин хориҷ кардани онҳо аз ҳайати Кумитаҳои МНМО ҶТ баррасӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта бо фармони президенти ҷумҳурӣ Марҳабо Ҷабборова муовини нахуствазир ва Махфират Хидирова раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ таъин карда шуда, мутобиқи қонунгузорӣ акнун онҳо бояд ваколатҳои намояндаи мардумӣ дар МНМО ҶТ-ро супоранд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ бояд дар муддати се моҳ ба ҷойи вакилони хориҷшуда интихоботи миёндаврӣ доир намояд.

Ғайр аз ин, имрӯз вакилони парлумон ҳамчунин пешниҳоди сарвари давлат дар бораи ивази яке аз сараудиторони Палатаи ҳисоби ҷумҳуриро низ баррасӣ мекунанд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба палатаи поёнии парлумон ҷиҳати аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Тоҷикистон озод кардани Зикрихудо Самадов пешниҳод ирсол намуд. Самадов бинобар сабаби қаблан аз ҷониби президент ба вазифаи раиси ноҳияи Ишкошими ВМКБ таъин шуданаш, аз ин вазифа сабукдӯш мегардад.

Президент ҳамчунин ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ номзадии Акрамхон Кӯчакшоевро, ки қаблан ба ҳайси раиси ноҳияи Ишкошими ВАМКБ ифои вазифа мекард, ба вазифаи сарудитори Палатаи ҳисоби ҶТ пешниҳод кард.

Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки 22 нафарашон аз рӯи рӯйхатҳои ҳизбӣ дар ҳавзаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ ва 41 нафарашон аз ҳавзаҳои якмандатии минтақаҳои кишвар интихоб мешаванд.

Дар интихоботи парлумонии соли 2010 дар Тоҷикистон аз рӯи рӯйхатҳои ҳизбӣ дар ҳавзаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ 16 аъзои ҲХДТ, 2 аъзои Ҳизби коммунист, 2 аъзои ҲНИТ, 1 аъзои Ҳизби аграрӣ ва 1 аъзои Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ба ҳайати вакилони Маҷлиси нмяондагони Маҷлиси Олии ҶТ шомил гардиданд.

Қобили зикр аст, ки айни замон 45 нафар вакилони МНМО ҶТ аъзои ҲХДТ буда, Ҳизби коммунист, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон 2-тогӣ намоянда доранд. Даҳ нафар ваиклони МНМО ҶТ ғайриҳизбианд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.