Иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта дар арафаи анҷомёбист

То аввали ҳафтаи равон хоҷагиҳои пахтакори кишвар ҳудуди 392 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ намуданд, ки 96%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, айни замон маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта идома дошта, ҳудуди 8,3 ҳазор ба ин маърака сафарбар шудаанд. Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки […]

Пайрав Чоршанбиев


То аввали ҳафтаи равон хоҷагиҳои пахтакори кишвар ҳудуди 392 ҳазор тонна ҳосили пунбадона ҷамъоварӣ намуданд, ки 96%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии ҶТ хабар доданд, айни замон маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта идома дошта, ҳудуди 8,3 ҳазор ба ин маърака сафарбар шудаанд.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки кишоварзони вилояти Хатлон аллакай то ахири моҳи октябр 270 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оварда, аз уҳдаи иҷрои нақша баромада буданд.

Тибқи маълумоти фаврии Вазорати кишоварзӣ, то аввали ҳафтаи равон дар вилояти Суғд 112,5 ҳазор тонна ё худ 95%-и нақша ва дар навоҳии тобеи марказ 11,4 ҳазор тонна ё худ ҳамагӣ 48%-и нақша ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар Тоҷикистон имсол дар майдони 192 ҳазор гектар пунбадона кишт шуда, ҷамъоварии беш аз 406 ҳазор тонна ҳосил дар назар аст. Соли гузашта пунбадона дар майдони ҳудуди 200 ҳазор гектар кишт шуда, 415 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак ҳавасманданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.