Ҷалби 25 млн. $ аз Фонди саудии рушд барои сохтмони мактабҳо


Дар ҷаласаи имрӯзаи палаттаи поёнии парлумон Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд оид ба Лоиҳаи «Сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳои миёна» тасдиқ шуд.

Зимни шарҳи муҳтавои созишнома ба вакилон муовини вазири молияи Тоҷикистон Руҳулло Ҳакимов изҳор кард, ки айни замон дар бахши маорифи кишвар бо ҷалби маблағи умумии 94,4 млн. $ 6 лоиҳа мавриди амалисозӣ қарор дорад, ки 41 млн. $ аз ин маблағҳо бурс ва 33,3 млн. $ қарзҳои дарозмуҳлат мебошанд.

«Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди саудии рушд оид ба Лоиҳаи «Сохтмон ва таҷҳизонидани мактабҳои миёна» дар ҳаҷми умумии 25,7 млн. $ дар се марҳила амалӣ гардида, дар доираи ду марҳилаи аллакай татбиқшуда дар вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи марказ 8 мактаби таҳсилоти умумӣ бунёд, азнавсозӣ ва таҷҳизонида шуданд», – иброз дошт ӯ.

Номбурда гуфт, дар чаҳорчӯби амалисозии марҳилаи сеюми лоиҳа сохтмони 15 бинои мактаби муосир барои 18,4 ҳазор нафар толибилмон пешбинӣ гардида, дар натиҷа беш аз 2 ҳазор нафар омӯзгорон бо ҷойҳои нави корӣ таъмин карда мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное