Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар шаҳри Исфара Форуми сармоягузории шаҳри Исфара баргузор мешавад; – Дар толори конфронси меҳмонхонаи «Тоҷикистон» таҳти унвони «Хизматгузориҳои давлатӣ: дастрасӣ ва сифат» конфронс доир мегардад. Оғоз соати 09:00; – Дар суди вилояти Суғд шикояти кассатсионии ҳукм нисбати журналист Маҳмадюсуф Исмоилов баррасӣ мешавад, ки ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд. Оғоз соати 10:00; […]

ASIA-Plus



Анонс

– Дар шаҳри Исфара Форуми сармоягузории шаҳри Исфара баргузор мешавад;

– Дар толори конфронси меҳмонхонаи «Тоҷикистон» таҳти унвони «Хизматгузориҳои давлатӣ: дастрасӣ ва сифат» конфронс доир мегардад. Оғоз соати 09:00;

– Дар суди вилояти Суғд шикояти кассатсионии ҳукм нисбати журналист Маҳмадюсуф Исмоилов баррасӣ мешавад, ки ба 11 соли зиндон маҳкум шуда буд. Оғоз соати 10:00;

– Дар маркази тиҷоратии «Душанбе-Плаза» маросими муаррифии тартиби супурдани имтиҳоноти мутамаркази дохилшавӣ ба макотиби олии ҷумҳурӣ барпо мегардад. Оғоз соати 08:00;

– Дар Маркази исмоилияи пойтахт дар мавзӯи «Дастрасӣ ба маълумот дар низоми адлияи Тоҷикистон: вазъи кунунӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он» мизи гирд баргузор мешавад. Оғоз соати 09:00;

– Дар маркази омӯзиши кормандони мақомоти прокуратура дар доираи лоиҳаи «Мубориза алайҳи шиканҷа дар Тоҷикистон» барои прокуророн тренинг доир мегардад. Оғоз соати 09:00.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7741

сомонӣ;


1

евро

– 6.4902

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.149


1



сомонӣ.  



Як рӯзи таърих


1992

– Эмомалӣ Раҳмон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб шуд


1963

– Дар Душанбе комбинати равғану чарбу ба фаъолият оғоз кард.


1915-1945

– Зодрӯзи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмат Шарифов.


1956

– Мавлуди роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ Бахтиёр Худоёров.



Вазъи обуҳаво




Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +14+19, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +10+15.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона 9+14, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +5+10.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона -1-6, рӯзона +6+11.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


аксаран бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -4+1, рӯзона +9+14;  дар шарқи вилоят шабона -12-17, рӯзона -2+3.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +15+17.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +10+12.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +16+18.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +15+17.  


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +10+12.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.