Сафари аввалини нахуствазири тозатаъини Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 28-уми ноябр ба шаҳри Тошканд – пойтахти кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон сурат мегирад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар Тошканд ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии нахуствазир дар кори ҷаласаи 12-уми Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (28-29-уми ноябр) ширкат меварзад.
«Дар ҷаласаи мазкур имзои созишнома миёни ҳукуматҳои аъзои созмон дар бораи фароҳам сохтани шароити мусоид барои ҳамлу нақли байнулмилалӣ тариқи роҳи автомобилӣ дар назар аст», – гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ, дар рӯзномаи ҷаласа ҳамчунин баррасии ҳисоботи Котиботи СҲШ дар бораи ҷараёни амалисозии Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодии кишварҳои узви СҲШ низ зикр гардидааст.
«Расулзода ва ҳайати ҳамроҳи ӯ на тариқи хатсайри алоҳида (чартер)-и ҳавопаймоӣ, балки тавассути шаҳри Хуҷанд бо воситаи нақлиёти автомобилӣ ба Тошканд мераванд», – афзуд сарчашмаи хабар.



