Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) имкони истифодаи модели Бюрои қарзӣ-иттилоотии Тоҷикистон дар дигар кишварҳоро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор додааст.
«Бюрои мазкур аввалин бюрои қарзии хусусӣ дар минтақа буда, бар ин назарам, ки ин моделро ҷиҳати таъсиси ба ин монанд ташклотҳо дар кишварҳои дигар метавон истифода намуд», – иброз дошт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» директори IFC оид ба бозорҳои молиявӣ дар Аврупо, Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ Офтоб Аҳмад.
Ӯ зикр кард, ки Бюрои қарзӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси IFC ба хотири беҳбуди фаъолияти зербинои молиявӣ ва низоми хизматгузориҳои бонкӣ таъсис дода шуд. «Бюрои қарзӣ як қисмати муҳими зербинои молиявӣ буда, ба ниҳодҳои молиявӣ ҷиҳати соддагардонии механизмҳои пешниҳоди қарз ва роҳандозии таҷрибаи бештар масъули қарздиҳӣ кӯмаку мусоидат мекунад», – таъкид дошт номбурда.
Ёдрас мекунем, ки моҳи июни соли равон дар Тоҷикистон Бюрои қарзӣ-иттилоотӣ расман ифтитоҳ гардид. Бюро бо мусоидати IFC дар доираи лоиҳаи таҳкими зербинои молиявии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон таъсис дода шуда, санаи 12-уми декабри соли 2012 мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи таърихи қарз» иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистонро дастрас кард.



