Нишасти СҲШ бо имзои як қатор аснод ба анҷом расид

Date:


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» -«


ozodi


.


org


» – Сарони кишварҳои узви СҲШ дар поёни нишасти 8-умини ин созмон дар Душанбе, ки имрӯз ба охир расид, Эъломияи Душанберо қабул карданд.




Дар Эъломия аз ҷумла омадааст, ки ҳалли зиддиятҳои маҳаллӣ тариқи силоҳ ва таҳким бахшидани амнияти худ аз ҳисоби зарар ба амнияти дигарон дархӯри амнияти саросарӣ нест.



Ҳамчунин, дар ин Эъломия зикр шудааст, ки ба таҳдидҳои умумӣ бояд тариқи риояи бекамукости оинномаи Созмони Милал ва меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ муносибат шавад.




 



Дар Эъломия омадааст, кишварҳои узви СҲШ аз

 

вазъи қаблан дар атрофи қазияи Осетияи Ҷанубӣ ба вуқӯъ пайваста, изҳори нигаронӣ карданд ва хостори ҳалли қазия тариқи музокирот шуданд.



Кишварҳои узви СҲШ аз 6 меъёри танзими низоъ дар Осетияи Ҷанубӣ истиқбол карда, аз нақши фаъоли Русия дар мусоидат ба сулҳ ва ҳамкорӣ дар ин минтақа пуштибонӣ карданд.



Раисҷумҳурони Русия, Чин, Қазоқистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳамчунин зери санадҳои ҳамкорие дар мавриди тавофуқ сари тамринҳои муштараки зиддитеррористӣ, ҳамкорӣ дар роҳи мубориза алайҳи фурӯши ғайриқонунӣ ва қочоқи аслиҳа ва маводи тарканда, меморандуми ҳусни тафоҳум миёни Шӯрои байнибонкии СҲШ ва Бонки рушди Аврупо ва ғайра имзо гузоштанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...