Бо фармони президенти мамлакат Ҳамрохон Зарифӣ аз мансаби вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон сабукдӯш гардида, ба ин вазифа акнун собиқ намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ ва ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар Куба Сироҷиддин Аслов вазири нави корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин карда шуд.
Ҳамрохон Зарифӣ аз 1-уми декабри соли 2006 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон таъин шуд. То таъинот ба ин мансаб ӯ муддати 4 сол намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ИМА-ро роҳбарӣ мекард. Дар Тоҷикистон аксарият ӯро сиёсатмадори «ғарбгаро» мешуморанд ва бар ин назаранд, ки маҳз бо сари мансаб омадани ӯ муносибатҳои Русияву Тоҷикистон каме ба сардӣ гаравиданд. Худи Зарифӣ бошад, борҳо изҳор карда буд, ки ӯ танҳо аз манфиатҳои Тоҷикистон ҳимоя мекунад.
Сироҷиддин Аслов
– то соли 1995 муовини сардори Сарраёсати гидрометереологии Вазорати ҳифзи табиати Тоҷикистон.
Аз 15-уми майи соли 1995 – узви Кумитаи тадорукот оид ба таҳияи Барномаи давлатии экологии Тоҷикистон.
Аз соли 2003 – раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал.
Аз 12-уми феврали соли 2004 – муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Аз 22-юми ноябри соли 2005 бо фармони сарвари давлат С.Аслов намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ таъин шуда, дар ин вазифа Рашид Олимов, сафир кунунии Тоҷикистон дар Чинро иваз намуд.



