Баррасии масъалаи таъсиси Бонки рушди СҲШ дар Тошканд


Дар ҷаласаи XI-уми Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Тошканд санаи 29-уми ноябр нахуствазири Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳор намуд, ки яке аз самтҳои асосии ҳамкории бисёрҷониба тиҷоративу иқтисодӣ дар доираи Созмон бахшҳои сармоягузорӣ ва молиявӣ мебошанд.

«Барои такони нав бахшидан ба рушди ин соҳаҳо қабули ҳарчи зудтари қарорҳои мувофиқашуда оид ба роҳандозии фаъолияти Бонки рушд ва Фонди рушди СҲШ ҷиҳати маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои афзалияноки иқтисодӣ ва зербиноӣ дар доираи Созмон зарур буда, зимни гуфтушуниди имрӯза доир ба дастгирии таъсиси ин ниҳодҳо ба мувофиқаи усулӣ расидем», – иброз доштааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки айни замон лоиҳаҳои муҳим барои иштирокчиёни Созмон аз ҷониби иттиҳодияи байнибонкӣ маблағгузорӣ мешаванд. Бо мақсади минбаъд пурсамар маблағгузорӣ намудани лоиҳаҳои муштарак Русия таъсис Фонди рушди СҲШ ва Чин таъсиси Бонки рушди СҲШ-ро пешниҳод доранд. Акнун нахуствазиронро лозим аст, ки ҷиҳати маблағгузории пурсамари лоиҳаҳои муштарак қарори қобили қабули ҳама ва беҳтарин дар ин масъаларо дарёб намоянд.

Ёдрас мекунем, ки Созмони ҳамкории Шанхай соли 2001 таъсис ёфта, ба ҳайати он кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон шомиланд. Давлатҳои Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон кишварҳои нозири СҲШ ва Белорусу Туркия ва Шри-Ланка мақоми шарикон оид ба муколама дар созмонро доро мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное