Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда писари калонии президент Рустами Эмомалӣ ба вазифаи сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ таъин карда шуд. Дар ин вазифа ӯ Гурез Зариповро, ки аз соли 1993 дар ин мансаб фаъолият дошт, бинобар сабаби ба нафақа баромаданаш иваз намуд.
Рустами Эмомалӣ 19-уми январи соли 1987 таваллуд шуда, айни замон яке аз мансабдорони ҷавонтарини давлатӣ ба шумор меравад.
Хатмкардаи факултаи «Муносибатҳои байнулмилалии иқтисодӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва шунавандаи курсҳои Академияи дипломатии Донишкадаи давлатии муносибатҳои байнулмилалии Маскав (МГИМО) аст. Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ва ба ҳайси муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон низ фаъолият дошт. Яке аз муассисон ва молики дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, аз 5-уми январи соли 2012 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон мебошад. Оиладор, соҳиби ду фарзанд аст.
Таъини Рустами Эмомалӣ ба вазифаи сардори Хадамоти гумрукро коршиносон омодагӣ ба таъинот ба мансаби болотаре медонанд.
Қаблан дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшинос ва журналисти тоҷик Нуралӣ Давлатов чунин ибрози андеша карда буд, ки ба ҳайати нави ҳукумат роҳ ёфтани фарзандон ва хешони наздики сарвари давлат аз эҳтимол дур нест.
Ба гуфтаи ӯ, вақте соли 1992 Раҳмон сари ҳокимият омад, он замон ӯро эътилофи васеи намояндагони вилояти Ленинобод (феълан Суғд) ва Кӯлоб, ҳамчунин як қатор ноҳияҳои водии Ҳисор дастгирӣ карданд, вале баъди ҳар як интинхоботи навбатӣ ин эътилоф тангтар шуда, дар атрофи ӯ бештар хешовандон ва зодагони ноҳияи худаш боқӣ монданд.
«Агар ин тамоил минбаъд низ боқӣ монаду Раҳмон сиёсати кадриашро бозбинӣ накунад, ки ман ба он шубҳа дорам, дар ҳукумати минбаъда мо аллакай фарзандон ва хешовандони наздики ӯро хоҳем дид. Бо ба воя расидани онҳо Раҳмон бештар ба онҳо такя карда, ҳатто таъсири ҳамдиёрони худ – данғарагиҳоро низ дар ҳукумат маҳдуд мекунад. Дар ҷомеаҳои маъмулии шарқӣ ин ҳодисаҳо зиёд рух медиҳанд, зеро ҳокимон бештар ба қавму қабила ва авлоди худ эътимод доранд. Дар вазифаи президент ва раиси ҳукумат Раҳмон бори дигар ин аксиома дар сиёсатро собит намуд», – гуфта буд аз ҷумла Н.Давлатов.



