«Барқи тоҷик»: Лимити барқ шадид нашудааст

Ширкати «Барқи тоҷик» қотеъона маълумот дар бораи шадид гардидани лимити истифодаи барқ дар манотиқи ҷумҳуриро рад мекунад. Дар изҳороти ширкат зикр мегардад, ки реҷаи интиқои барқ ба манотиқи ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шудааст, комилан риоя мегардад. «Айни замон ба манотиқи ҷумҳурӣ аз реҷаи тасдиқшуда зиёдтар барқ дода мешавад», – баён мегардад дар изҳорот. […]

Пайрав Чоршанбиев


Ширкати «Барқи тоҷик» қотеъона маълумот дар бораи шадид гардидани лимити истифодаи барқ дар манотиқи ҷумҳуриро рад мекунад.

Дар изҳороти ширкат зикр мегардад, ки реҷаи интиқои барқ ба манотиқи ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шудааст, комилан риоя мегардад. «Айни замон ба манотиқи ҷумҳурӣ аз реҷаи тасдиқшуда зиёдтар барқ дода мешавад», – баён мегардад дар изҳорот.

«Ба истеъмолгарон нерӯи барқ тибқи реҷаи киловатт/соат, на ба реҷаи вақт дода мешавад ва ин маънои онро дорад, ки нерӯи барқи ба ин ё он минтақа ҷудогардида пурсамар ва сарфакорона истифода гардида, метавонад ба муддати зиёд ё камтар кофӣ бошад, яъне нишондиҳандаи вақт дар ин ҳолат шартӣ аст», – таъкид мегардад дар изҳорот.

Бино ба иттилои ширкат, моҳи аввали ҷорӣ шудани лимит, моҳи ноябр ба истеъмолгарон 1 млрд. 271 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол гардид, ки нисбат ба реҷаи қаблан тасдиқшуда 51 млн. кВт/соат зиёдтар мебошад. «Дар манотиқе, ки ба ҳаҷми ҷудошудаи барқ сарфакорона рафтор намуданд, он ба муддати бештар истифода шуд», – гуфтанд дар ширкат.

Ёдрас мекунем, ки ширкати «Барқи тоҷик» аз 1-уми ноябр ба реҷаи истифодаи маҳдуди барқ дар Тоҷикистон тағйирот ворид намуда, акнун дар як шабонарӯз лимит ба 15 соат расонида шуд. Аз ин ба баъд интиқоли барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ рӯзона аз соати 09:00 то 17:00 ва шабона аз соати 22:00 то 05:00 қатъ карда мешавад. Реҷаи маҳдуди истифода барқ ба пойтахт, шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода ва Чкаловск дахл нахоҳад дошт. Аммо дар аксари манотиқи ҷумҳурӣ мегӯянд, ки воқеъан дар як шабонарӯз на бештар аз 6-7 соат ба нерӯи барқ дастрасӣ доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.