Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар толори конфронси Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ оид ба баррасии ҳисоботи пешакӣ дар бораи Арзёбии минтақавии экологӣ, Ҳисоботи арзёбии таъсири иҷтимоӣ ва Лоиҳаи ҳуҷҷат оид ба сиёсати кӯчонидани аҳолӣ, ки барои лоиҳаи CASA-1000 таҳия шудаанд, вохӯрии машваратӣ доир мегардад; – Ширкати «Уралмаш НГО Холдинг»-и Русия таҷҳизоти нафту газиро пешниҳод мекунад. Соати […]



Анонс

– Дар толори конфронси Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ оид ба баррасии ҳисоботи пешакӣ дар бораи Арзёбии минтақавии экологӣ, Ҳисоботи арзёбии таъсири иҷтимоӣ ва Лоиҳаи ҳуҷҷат оид ба сиёсати кӯчонидани аҳолӣ, ки барои лоиҳаи CASA-1000 таҳия шудаанд, вохӯрии машваратӣ доир мегардад;

– Ширкати «Уралмаш НГО Холдинг»-и Русия таҷҳизоти нафту газиро пешниҳод мекунад. Соати 14:00 дар Палатаи савдо ва саноати ҶТ маросими муаррифии таҷҳизоти ширкат барои шарикони тоҷик баргузор мешавад;

– Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боздид намуда, назди омӯзгорон ва донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ маърӯза мекунад.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7741

сомонӣ;


1

евро

– 6.4812

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.148


4



сомонӣ.  



Як рӯзи таърих




2001

– Президент Э.Раҳмонов бо як гурӯҳи рӯзноманигорони русиягӣ мулоқот ороста, тасмим гирифта шуд, ки гурӯҳи муштараки иттилоотии Русияву Тоҷикистон таъсис дода шавад.


1887-1957

– Зодрӯзи шоир, яке аз асосгузорони назми муосири тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ, ки соли 1922 аз Эрон ба Тоҷикистон ҳиҷрат карда буд.


1947

– Мавлуди собиқ нахуствазири Тоҷикистон Яҳё Азимов.


1955

– Зодрӯзи ҳунарпешаи театр Гулсара Қодирова.



Вазъи обуҳаво




Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +12+17, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +8+13.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ каме барф меборад. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5, рӯзона +8+13, дар доманакӯҳҳо шабона -2-7, рӯзона +1+6.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогонаи доманакӯҳ каме барф меборад.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +1+6, рӯзона +10+15, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +3+8.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


бидуни боришот. 

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -1-6, рӯзона +5+10;  дар шарқи вилоят шабона -13-18, рӯзона -2+3.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +12+14.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +1+3, рӯзона +11+13.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +14+16.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +14+16.  


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +8+10.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.