Коршинос: Тақозои 28 соли зиндон ба З.Саидов мақсадҳои сиёсӣ дорад

– Пешниҳоди айбдоркунандаи давлатӣ дар бораи нисбати соҳикбор Зайд Саидов содир гардидани 28 соли зиндон мақсадҳои сиёсиро пайгирӣ дорад, – изҳор дошт ба ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов зимни ибрози андеша дар мавриди ин масъала. «Тамоми ҷараёни қазияи Зайд Саидов хеле шубҳавоар аст. Чаро ҳангоми изҳороти ӯ дар бораи таъсиси ҳизби худ нисбати ӯ парвандаи […]

ASIA-Plus


– Пешниҳоди айбдоркунандаи давлатӣ дар бораи нисбати соҳикбор Зайд Саидов содир гардидани 28 соли зиндон мақсадҳои сиёсиро пайгирӣ дорад, – изҳор дошт ба ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов зимни ибрози андеша дар мавриди ин масъала.

«Тамоми ҷараёни қазияи Зайд Саидов хеле шубҳавоар аст. Чаро ҳангоми изҳороти ӯ дар бораи таъсиси ҳизби худ нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ боз шуд? Чаро шоҳидони шахсоне, ӯ ба номуси онҳо таҷовуз кардааст ё афроде, ки гӯё ба ӯ пора додаанд, то ин замон хомӯш буданд? Аз ин бармеояд, ки то ин замон ҳеҷ кадоме аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати ӯ эроде надоштаанд? Ҳама хомӯш буданд», – мегӯяд сиёсатшинос.

Ба андешаи коршинос, паҳлӯҳои норавшани ин қазия хеле зиёданд, «аввалаш, тафтишот амалан чизеро собит накард, дуюмаш, чанде аз далелҳои онҳо ҳатто инкор гардиданд».

«Ман ба ин гумонам, ки дар ҳама гуна ҳолат ӯро маҳкум мекунанд, зеро далелҳои воқеиро касе ба инобат намегирад, онҳо ба касе лозим нестанд. Албатта, ин ба нуфузи низоми судӣ, обрӯи давлати тоҷикон таъсири манфӣ мерасонад, вале кишвари мо ба ин одат кардааст ва дар давлати мо ҳеҷ чизе аз ин тағйир намеёбад», – афзуд П.Муллоҷонов.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта айбдоркунандаи давлатӣ Абдусамӣ Дадабоев аз суд дархост намуд, ки ба соҳибкор Зайд Саидов ҳукми 28 соли зиндон дода шавад. Ҳамчунин ӯ аз суд мусодираи молу мулки айбдоршаванда ва манъи ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудани Зайд Саидов 55-соларо дар муддати пас аз 5 соли озодӣ (ҳангоми 83-сола шудани ӯ) низ дархост кард.

Ба гуфтаи адвокатҳои соҳибкор, ҳукми 28 соли зиндонро прокурор барои ҷиноятҳои содирнамуда мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 138 (Таҷровуз ба номус), 247 (Қаллобӣ), 170 (Серзанӣ) тақозо кард. Танҳо барои содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи таҷовуз ба номус айбдоркунандаи давлатӣ барои Зайд Саидов 21 соли маҳрумият аз озодиро дархост намуд.

Дар суд имрӯз шоҳидон шунида шуда, ҷониби ҳимоя танҳо ҳафтаи оянда мавқеи худро иброз медорад ва сипас ба айбдоршаванда сухани охирин дода мешавад.

Мурофиаи судӣ нисбати Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои пӯшида дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад. Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Серзанӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз мансаби хизматӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ айбнома пешниҳод кард.

Қаблан Зайд Саидов чандин маротиба изҳор намуда буд, ки таъқиби ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, ба нияти ӯ оид ба таъсиси ҳизби мухолиф марбут аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Фаротар аз имкон ва шикасти қолабҳо. Чӣ гуна як зани тоҷик беҳтарин варзишкор дар самти дастхобонӣ шуд?

На маъюбият ва на одатҳои суннатӣ натавонистанд монеи муваффақияту пирӯзиҳои ӯ бошанд.

Пайвандсозии узви инсон. Оё вақти иҷозаи истифода аз “донор”-и бегона фаро расидааст?

Имрӯз пайвандсозии узви инсон дар кишвар танҳо аз хешовандони наздик иҷоза аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.