Вакилони дифои Зайд Саидов рӯзи 9 декабр бо сухани ниҳоӣ баромад мекунанд

Вакилони дифои соҳибкори тоҷик Зайд Саидов рӯзи 9-уми декабр дар мурофиаи судӣ, ки дар бинои тавқифгоҳи муваққатии КДАМ баргузор мегардад, баромад мекунанд.   Дар мурофиаи судии гузашта шаҳрванди Ветнам Хоанг Ван Хиеп, ки яке аз созмондиҳандагони «ВТ Рохи Абрешим» аст, баромад кард. Ба гуфтаи вакили дифоъ Шуҳрат Қудратов, Хоанг Ван Хиеп, ҷабрдидагон Шуҳрат Камолов ва […]

Мавзуна Абдуллоева


Вакилони дифои соҳибкори тоҷик Зайд Саидов рӯзи 9-уми декабр дар мурофиаи судӣ, ки дар бинои тавқифгоҳи муваққатии КДАМ баргузор мегардад, баромад мекунанд.

 

Дар мурофиаи судии гузашта шаҳрванди Ветнам Хоанг Ван Хиеп, ки яке аз созмондиҳандагони «ВТ Рохи Абрешим» аст, баромад кард.

Ба гуфтаи вакили дифоъ Шуҳрат Қудратов, Хоанг Ван Хиеп, ҷабрдидагон Шуҳрат Камолов ва Давлаталӣ Сафаров аз суд хоҳиш кардаанд, ки ҷуброни молӣ аз Зайд Саидов ситонда шавад ва ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ сафед карда нашавад.

Писари Саидов – Хайрулло Сайдов ба Хабаргузории “Азия-Плюс” гуфт, ки умед надошт, айбдоркунандаи давлатӣ талаби одилонае кунад. Ёдовар мешавем, дар мурофиаи судии қаблӣ айбдоркунандаи давлатӣ Абдусамӣ Дадабоев аз суд дархост намуд, ки ба соҳибкор Зайд Саидов ҳукми

28 соли зиндон

дода шавад.

“Умедворам, суд одилона ва боинсофона ҳукм мебарорад. Вале, мутасифона, айбдоркунанда 28 сол дархост кард, ки бисёр моро ғамгин намуд. Чунки айбдоркунанда баромади 15 нафар шоҳидонеро, ки мо доштем, ба назар нагирифт. Ҳарчанд мардум мегӯянд, ки прокурор сиёҳкунанда мебошад, аммо  мо фикр мекардем, ки ҳадди ақал бо нигоҳи одилона рафтор мекунанд”, – гуфт писари Зайд Саидов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.