Таъиноти кадрӣ дар кумитаҳои ҳукумати ҷумҳурӣ

Додихудо Саймиддинов бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Ба ин вазифа Гавҳар Шарофзода, собиқ Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ таъин гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Талбак Салимов аз вазифаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон […]


Додихудо Саймиддинов бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Ба ин вазифа Гавҳар Шарофзода, собиқ Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ таъин гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Талбак Салимов аз вазифаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Хайрулло Ибодзода аз вазифаи Мудири шуъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Раҷабалӣ Дамонов аз вазифаи Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шуд. Руҳулло Ҳакимов аз вазифаи Муовини вазири молия озод карда шуда, Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ҳамдам Тағоймуродов аз вазифаи Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шаҳло Неъматова аз вазифаи Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба корҳои дигар гузаштан озод карда шуданд.

Ба вазифаи Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусамад Раҷабов таъин карда шуд. Дилором Мирсаидова аз вазифаи Мудири шуъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Рустам Азизов аз вазифаи Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод шуда, ба ҷойи ӯ ба ин вазифа Мухтор Фозилов таъин карда шуд.

Рустам Ҷалилов аз вазифаи Ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шуд. Ба ин вазифа Хайрулло Назаров таъин гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.