Лату кӯби то марги декани яке аз факултаҳои ДДХ

Бар асари ҷароҳатҳои расонида аз ҷониби афроди номаълум декани яке аз факултаҳои Донишгоҳи давлатии «Хуҷанд (ДДХ) ба ҳалокат расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, Мунир Хоҷаеви 49-сола бо ҷароҳатҳои гуногун субҳи барвақти рӯзи 5-уми декабр дар яке аз истгоҳҳои автобуси шаҳри Хуҷанд дарёфт шудааст. «Ӯро ба бемористони […]

Мавлуда Рафиева


Бар асари ҷароҳатҳои расонида аз ҷониби афроди номаълум декани яке аз факултаҳои Донишгоҳи давлатии «Хуҷанд (ДДХ) ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, Мунир Хоҷаеви 49-сола бо ҷароҳатҳои гуногун субҳи барвақти рӯзи 5-уми декабр дар яке аз истгоҳҳои автобуси шаҳри Хуҷанд дарёфт шудааст.

«Ӯро ба бемористони №1-и шаҳри Хуҷанд мунтақил кардаанд, вале наҷоти ӯ ба табибон муяссар нагардид», – гуфт манбаъ ва аз ифшои ҷузъиёти дигари ин ҳодиса худдорӣ варзид.

Зимнан зикр гардид, ки тафтиши ҳодисаи мазкур ҷараён дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз хешони марҳум хабар дод, Мунир Хоҷаев ба ҳайси декани факултаи ҷуғрофияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ифои вазифа мекард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.