Ифтитоҳи намояндагии расмии ширкати Leica Geosystems дар Душанбе


Дар шаҳри Душанбе намояндагии расмии ширкати Leica Geosystems-и Швейтсария ифтитоҳ шуд. Чанде қабл маросими муаррифии таҷҳизоти ширкат доир гардид.

Ба гуфтаи директори минтақавии ширкат дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва коршиноси фаннӣ Эззедин Ҷерби, ҳадаф аз чорабинии мазкур гирдиҳам овардан ва шиносоии намояндагони соҳаҳои гуногуни кишвар бо қарорҳои муҳими ширкат аст, ки ба пурсамар гардидани кори иҷрошуда, сарфаи вақту восита, таъмини бехатарӣ, беҳбуди сифат ва ба сатҳи нав баровардани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва ҳамчунин ҷалби технологияҳои пешрафта ба Тоҷикистон кумаку мусоидат мекунанд.

Дар ҷараёни маросими муаррифӣ намунаҳои истифодаи воситаҳо ва технологияҳои ширкати Leica Geosystems дар бахшҳои гуногуни геодезия, харитасозӣ, метрология ва ғайра пешкаши ҳозирин шуданд.

Эззедин Ҷерби зикр кард, ки таҷҳизоти ширкатро ҳамчунин дар бахшҳои зиёди дигари дур аз геодезия ва харитасозӣ, аз ҷумла бахшҳои варзиш, геология, таҳқиқоти илмӣ ва ташхиси судӣ низ метавон пурсамар истифода намуд.

spot_imgspot_img

Популярное