Вазири молия кормандони ин бахшро бо иди касбиашон табрик кард

Субҳи имрӯз дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба муносибати ҷашни касбии кормандони ин бахш ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Зимни ифтитоҳи маҷлис вазири нави молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов кормандони вазорат ва воҳидҳои зертобеъи онро бо иди касбиашон табрик гуфт. Назди аҳли маҷлис ҳамчунин муовини аввали вазири молияи кишвар Руҳулло Ҳакимов низ суханрнӣ намуда, дар бораи фаъолияти бахши […]

ASIA-Plus


Субҳи имрӯз дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба муносибати ҷашни касбии кормандони ин бахш ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

Зимни ифтитоҳи маҷлис вазири нави молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов кормандони вазорат ва воҳидҳои зертобеъи онро бо иди касбиашон табрик гуфт.

Назди аҳли маҷлис ҳамчунин муовини аввали вазири молияи кишвар Руҳулло Ҳакимов низ суханрнӣ намуда, дар бораи фаъолияти бахши молияи ҷумҳурӣ маълумот дод.

Вазири молияи ҷумҳурӣ изҳори итминон кард, ки кормандони низоми молияи кишвар баҳри сарбаландона баромадан аз уҳдаи иҷри вазифаҳои дар наздашон гузошта ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода, дар фаъолияти рӯзмарраи худ ба комёбиҳо ноил хоҳанд шуд.

Вазири нави молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбонов аз моҳи феврали соли 2006 ба ҳайси Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа мекард. Санаи 29-уми ноябри соли ҷорӣ бо фармони президент ба мансаби вазири молияи Тоҷикистон таъин карда шуд. Дар ин вазифа ӯ Сафаралӣ Наҷмиддиновро, ки 14 сол – аз соли 2000 сари ин мансаб қарор дошт, иваз намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.