Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар кори Ассамблеяи байнипарлумонии Осиё

Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Назира Ғаффорова дар Ассамблеяи байнипарлумонии Осиё таҳти унвони «Асри Осиё: ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод энергетика ва экология», ки чанде қабл дар шаҳри Исломобод ба кор шурӯъ намуд, ширкат меварзад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ хабар дод, ба […]

Аваз Юлдошев


Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Назира Ғаффорова дар Ассамблеяи байнипарлумонии Осиё таҳти унвони «Асри Осиё: ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод энергетика ва экология», ки чанде қабл дар шаҳри Исломобод ба кор шурӯъ намуд, ширкат меварзад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ хабар дод, ба ҳайати парлумонии Тоҷикистон ҳамчунин вакилони палатаи поёнии парлумон Олим Салимзода ва Амирхон Сафаров низ шомиланд.

«Зимни маърӯзахои худ дар Ассамблеяи байнипарлумонии Осиёи вакилони тоҷик таваҷҷуҳи ҳозиринро ба лоиҳаҳои гидроэнергеткии Тоҷикистон, дурнамои таъсиси бозори ягонаи энергетикии Осиё ва мушкилоти экологии минтақа ҷалб хоҳанд кард», – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки ҷаласаи қаблии Ассамблеяи байнипарлумонии Осиё соли 2010 дар пойтахти Сурия баргузор шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар сармоягузорӣ ва бунёди корхонаҳои муштарак ҳавасманданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.