Қатъи фаъолияти гурӯҳи нашъаҷаллобон дар минтақаи ҷануб

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон амалиёти махсус гузаронида, фаъолияти як гурӯҳи мутташакилро қатъ намуд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар доираи назорати кормандони Агентӣ яке аз аъзоёни фаъоли ин гурӯҳ  сокини 19 солаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон  афтод, ки кӯшиши фурӯхтани маводи нашъаоварро мекард. « […]

ASIA-Plus


Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон амалиёти махсус гузаронида, фаъолияти як гурӯҳи мутташакилро қатъ намуд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар доираи назорати кормандони Агентӣ яке аз аъзоёни фаъоли ин гурӯҳ  сокини 19 солаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон  афтод, ки кӯшиши фурӯхтани маводи нашъаоварро мекард. « Дар вақти дастгир намудан аз ӯ як пакети селофанӣ бо маводи хамирмонанди ранги ҷигарриранг дошта бо бӯйи махсус ёфт ва мусодира гардид», – омаддаст дар хабари Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, мутобиқи  ташхиси лабораторияи судии Агентӣ маводи мусодирашуда воситаи нашъаовари навъи афюн буда, назорати фаврии махфӣ аз болои  иштирокчии ин гурӯҳ имкон дод, ки  дигар аъзо ва роҳбари гурӯҳи нашъаҷаллобонро муайян ва дастгир намоянд.

«Онҳо мехостанд, ки маводи нашъаоварро, ки бо таври қочоқ  аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба даст овардаашонро тариқи ҷумҳурии мо ба ҳудуди Федератсияи Россия интиқол намоянд», – гуфта мешавад дар иттилоъ.

Зимнан зикр мегардад, ки дар асоси маълумотҳои ҷамъшуда дар ҳудуди ҷамоати Даркади ноҳияи Фархор даври ниҳоии амалиёт гузаронида шуда, дар натиҷа  як аъзо ва роҳбари ин гурӯҳи ҷиноятпеша дастгир карда шуданд.

«Аз хонаи истиқоматии роҳбари гурӯҳ кормандони оперативии Агентӣ як халтаи селофанӣ  бо афюн, ки вазнаш қариб 2 кг буд ёфт ва мусодира намуда, аз рӯйи ин ҳодиса нисбати шаҳрвандони дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва онҳо ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққаттии Агентӣ ворид карда шудаанд», – хабар медиҳад Агентӣ.

Гуфта мешавад, айни замон дар доираи парвандаи ҷиноятии оғозшуда чорабиниҳои тафтишотӣ-оперативӣ барои муайян намудани дигар шахсони ба ин амал даст дошта идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.