Омӯзиши кормандони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар Маскав

Чанде қабл дар Академияи меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоии Русия барои кормандони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон таҳти унвони «Мушкилоти рӯзмарраи муносибатҳои иҷтимоиву меҳнатӣ-2013» семинари омӯзишӣ ба кор шурӯъ намуд. Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия, дар доираи кори семинар, ки ба тақвияти имконоти кормандони бахши Иттифоқҳои кассабаи Тоҷикистон нигаронида шудааст, назди таълимгирандагон сиёсатшинос, коршиноси умури […]

Аваз Юлдошев


Чанде қабл дар Академияи меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоии Русия барои кормандони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон таҳти унвони «Мушкилоти рӯзмарраи муносибатҳои иҷтимоиву меҳнатӣ-2013» семинари омӯзишӣ ба кор шурӯъ намуд.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия, дар доираи кори семинар, ки ба тақвияти имконоти кормандони бахши Иттифоқҳои кассабаи Тоҷикистон нигаронида шудааст, назди таълимгирандагон сиёсатшинос, коршиноси умури ИДМ, ректори Академияи меҳнат ва муносибатҳои иҷтимоии Русия Евгений Кожокин маърӯза ва машғулият доир хоҳад кард.

Дар кори семинар, ки то 17-уми декабр идома меёбад, роҳбарон ва намояндагони Иттифоқҳои касабаи сохторҳои бузурги давлатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон ширкат меварзанд.

Дар ҷараёни чорабинӣ баррасии мавзӯъҳое аз қабили «Давлати иҷтимоӣ ҳамчун таҷассумгари ақидаи иттифоқҳои касаба дар бораи адолати иҷтимоӣ», «Фаъолияти иттифоқҳои касба оид ба амалисозии усулҳои меҳнати шоиста, мубориза барои маоши арзанда ва шуғл», «Ҳамгиройӣ – шарти муҳими беҳбуди ҳаёти мардуми ИДМ», «Муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишварҳои ИДМ ва ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон» ва ғайра дар назар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.