Баррасии имкони иштироки Кувайт дар лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон

Чанде қабл мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, ҳамзамон Намояндаи Дабири кулли СММ оид ба корҳои башардӯстӣ д-р Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ доир гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳо байни ду кишварро, аз ҷумла бунёди […]

ASIA-Plus


Чанде қабл мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдов бо Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Мушовири Девони Амири Давлати Кувайт, ҳамзамон Намояндаи Дабири кулли СММ оид ба корҳои башардӯстӣ д-р Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ доир гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳо байни ду кишварро, аз ҷумла бунёди беморхонаи байналмилалӣ, кашидани хати оби нушокӣ ба манотиқи эҳтиёҷдошта, кӯмак ба ятимхонаҳо, сохтмони мактабҳо, тармим ва бунёди масҷидҳо дар Тоҷикистонро муҳокима намуданд.

Гуфта мешавад, Абдуллоҳ ал-Маътуқ изҳори омодагӣ намуд, ки моҳи марти соли оянда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар карда, лоиҳаҳои омода намудаи ҷониби Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.