Кӯлоб: Соҳибкор 30 стипендия барои донишҷӯён муқаррар кард

Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб бо қарори махсус ташаббуси директори ҶС «Ғайрат» Нуралӣ Ҳасанов дар бораи муқаррар кардани 30 стипендияи ҳармоҳа барои донишҷӯёни Коллеҷи тиббии Кӯлоб ва яке аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Мӯъминободро тасдиқ намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» худи ҳоҷӣ Нуралӣ Ҳасанов хабар дод, ҳаҷми стипендия 50 сомонӣ буда, дар мувофиқа бо раҳбарияти муассисаҳои таълимӣ, ҳар […]

Турко Дикаев


Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб бо қарори махсус ташаббуси директори ҶС «Ғайрат» Нуралӣ Ҳасанов дар бораи муқаррар кардани 30 стипендияи ҳармоҳа барои донишҷӯёни Коллеҷи тиббии Кӯлоб ва яке аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Мӯъминободро тасдиқ намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» худи ҳоҷӣ Нуралӣ Ҳасанов хабар дод, ҳаҷми стипендия 50 сомонӣ буда, дар мувофиқа бо раҳбарияти муассисаҳои таълимӣ, ҳар моҳ ба донишҷӯёни ятим, имконияти ҷисмониашон маҳдуд ва ҳамчунин фарзандон аз оилаҳои камбизоат пардохта мешавад.

Аз мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ба ОИ «Азия-Плюс» ҳамчунин иттилоъ доданд, ки Нуралӣ Ҳасанов яке аз шахсонест, ки дар кори саҳм гузоштан ба иқдомҳои хайру эҳсон дар Кӯлоб фаъолона ширкат меварзад. «Ӯ ҳамеша дар кӯмак ба собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрон, ташкили маросимҳои дастаҷамъонаи тӯйи арӯсиву хатнасурҳо барои фарзандони қишри осебпазири аҳолӣ ва дигар амалҳои хайрия саҳмгузор аст», – гуфтанд дар мақомоти шаҳрдорӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.