Ҳамсари руси муҳоҷири тоҷик ба истирдоди шавҳараш роҳ надод


Ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия шаҳрванди Русия, сокини ноҳияи Тейковои вилояти Иваново Наталя Дроздова муроҷиат кард.

Дар аризаи худ ӯ иттилоъ додааст, ки ҳамсари ӯ – муҳоҷири кории тоҷик Азизулло Ҳакимови 32-сола, зодаи ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, ҳангоми санҷиши ҳуҷҷатҳо ба гумони нақзи тартиботи будубош дар Русия аз ҷониби кормандони Хадамоти федералии Муҳоҷират боздошт шудааст.

Котиби матбуотии намояндагони Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки барои риоя накардани тартиботи будубош дар қаламрави Русия суди ноҳияи Октябри вилояти Иваново А. Ҳакимовро ба ҷаримабандии маъмурӣ дар ҳаҷми 2 ҳазор рубл ва ихроҷи маъмурӣ берун аз қаламрави Русия маҳкум кардааст.

«Бо мусоидати намояндагӣ ва расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ А.Ҳакимов аз болои қарори суди ноҳиявӣ ба суди вилояти Иваново шикоят бурд ва бо назардошти тамоми ҳолатҳои қазия, аз ҷумла ҳомиладор будани ҳамсари Ҳакимов, суди вилоят ба як қисмати қарори суди ноҳиявӣ тағйирот ворид намуда, бандҳои ихроҷи маъмурӣ ва нигоҳдорӣ дар қабулгоҳи махсус аз қарор бекор шуданд», – гуфт Аҳмадов.

spot_imgspot_img

Популярное