Тавсияҳои ВКД оид ба дуруст гузоштан ва зебу орои арчаи солинавӣ

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки зимни гузоштан ва зебу орои арчаи солинавӣ ба қоидаҳои бехатарии сӯхтор риоя намоянд. Дар тавсияҳои ВКД аз ҷумла зикр мегардад, ки арчаи солинавӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд дар ошёнаи якум ва ё дар саҳни ҳавлии назди бино гузошта шавад. «Биное, ки дар он ҷо арча гузошта […]

ASIA-Plus


Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон дархост кардааст, ки зимни гузоштан ва зебу орои арчаи солинавӣ ба қоидаҳои бехатарии сӯхтор риоя намоянд.

Дар тавсияҳои ВКД аз ҷумла зикр мегардад, ки арчаи солинавӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд дар ошёнаи якум ва ё дар саҳни ҳавлии назди бино гузошта шавад.

«Биное, ки дар он ҷо арча гузошта мешавад, бояд на кам аз ду дари баромад дошта бошад. Арчаро дар роҳрав ё даромадгоҳ гузоштан қатъиян манъ аст. Андозаи арча бояд тавре бошад, ки шохаҳояш ба шифти хона нарасад ва аз девор камаш як метр дур истад. Дар толори арча дар ҷои махсус бояд аз се то панҷ адад оташхомӯшкунакҳои коршоям ва кампали пашмин нигоҳ дошта шавад. Агар оташхомӯшкунак набошад, метавон дар ҳаҷми аз 50 то 100 литр об нигоҳ дошт», – баён мегардад дар тавсияҳои вазорат.

Гуфта мешавад, дар муассисаҳои таълимие, ки қувваи барқ аз рӯи меъёр дода мешавад, Иди арчаро мебояд танҳо рӯзона гузаронид.

Вазорат дастур медиҳад, ки арчаро дар мобайни толор дар пояи чилликмонанди мустаҳкам ва ё дар чалаки пур аз хок шинондан лозим буда, онро бо бозичаҳои селлулоидӣ ва ё зуддаргиранда зиннат додан, бо шамъ чароғон кардан манъ аст. Ҳамчунин атрофи поя ва шохчаҳои арчаро бо пахтаи ба моеи зиддисӯхтор коркарднашуда печонидан, ба он бозичаҳои пахтагин овехтан ва намаки бертолетӣ пошидан манъ аст.

Мутобиқи тавсияҳои ВКД, кори чароғонкунии арчаро ба воситаи трансформатори шиддатпасткунанда, ки шиддаташ аз 24 волт зиёд нест, чароғон кардан лозим аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.