Тағйироти навбатии кадрӣ бо фармони сарвари давлат

Нимаи дуюми рӯзи 13-уми декабр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии як қатор шаҳру ноҳияҳо, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоту сохторҳо тағйироти кадрӣ амалӣ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Раҳмоналӣ Амиров аз вазифаи Раиси шаҳри Исфара озод карда шуда, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ваҳдат таъин гардид. Ба вазифаи иҷрокунандаи Раиси […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми рӯзи 13-уми декабр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии як қатор шаҳру ноҳияҳо, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоту сохторҳо тағйироти кадрӣ амалӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Раҳмоналӣ Амиров аз вазифаи Раиси шаҳри Исфара озод карда шуда, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ваҳдат таъин гардид. Ба вазифаи иҷрокунандаи Раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидов таъин карда шуд.

Имом Мирзоев иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Файзобод ва Амирбек Маҳмадалиев иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ёвон таъин карда шуд. Саидбурҳон Абдураҳмонов иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Дарвоз таъин гардид.

Маҳмадсаид Пиров Муовини якуми вазири фарҳанг, Аъламхон Наимӣ Муовини вазири молия, Искандар Раҷабов Муовини Вазири корҳои дохилӣ ва Ҷӯрахон Зоиров Сардори Академияи Вазорати корҳои дохилӣ таъин карда шуданд.

Ҳамчунин сардорони як қатор раёсатҳои сохтории Вазорати корҳои дохилӣ ва шуъбаҳои зиёди он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар иваз карда шуданд.

Чанд тағйироти кадрии дигар дар мақомоти амният ва назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва ҳам Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.