Ҳолати омодабоши доимии ҳайати шахсии КҲФ аз аввали ҳафтаи оянда


Мақомоти раҳбарии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ ба ситодҳои сохтор дар шаҳру навоҳии кишвар супориш додааст, ки ба сардиҳо, боришоти шадиди борону барф, ки мувофиқи пешгӯии обуҳавошиносон рӯзҳои 16-18-уми декабр фаро мерасад, дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд.

Сардори маркази матбуоти КҲФ ва МГ Тоҷикистон Ориф Нозимов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин рӯзҳо ҳайати шахсии Кумита бо реҷаи омодагии доимӣ фаъоляит хоҳад кард.

«Назди ситодҳо вазифа гузошта шудааст, ки ба расонидани кумак ба аҳолӣ ва бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ мудом омода бошанд», – гуфт номбурда.

spot_imgspot_img

Популярное