Иштироки довари тоҷик дар машғулиятҳои КФО

Дар шаҳри Дубай (АМА) бо ташаббус ва таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ҳамоиши доварони футбол аз минтақаи Осиёи Ҷанубӣ, Ғарбӣ ва Марказӣ ҷараён дорад. Дар он доварони дараҷаи баргузида ширкат варзида, ёвари довари ФИФА аз Тоҷикистон Баҳром Саъдуллоев низ даъват шудааст. Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, дар давоми давраи омӯзишиву тамринӣ иштирокчиён масоли […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Дубай (АМА) бо ташаббус ва таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) ҳамоиши доварони футбол аз минтақаи Осиёи Ҷанубӣ, Ғарбӣ ва Марказӣ ҷараён дорад. Дар он доварони дараҷаи баргузида ширкат варзида, ёвари довари ФИФА аз Тоҷикистон Баҳром Саъдуллоев низ даъват шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ФФТ, дар давоми давраи омӯзишиву тамринӣ иштирокчиён масоли мубрами доварӣ дар футбол, дастур ва методикаҳои ахири омӯзишӣ ва ҳамчунин тамоилҳои муосир дар ин самтро баррасӣ мекунанд. «Давраҳои омӯзишӣ аз машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буда, дар хотима доварон оид ба донистани қоидаҳои бозии футбол ва санҷиши ҷисмонӣ имтиҳон меспуоранд», – хабар медиҳад ФФТ.

Ёвари довари ФИФА Баҳром Саъдуллоев аз Қӯрғонтеппа айни замон намояндаи ягона аз Тоҷикистон мебошад, ки ба дараҷаи баргузтидаи доварони Осиё шомил аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.