Ҳайати намояндагони БҶ дар ҳузури раиси вилояти Суғд

Ахири ҳафтьаи гузашта иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳониро бо роҳбарии Сандра Брока ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матуботи раиси вилоят, дар оғози мулоқот Абдураҳмон Қодирӣ меҳмононро ба сарзамини бостонии Суғд хайрамақдам гуфта, аз густариш пайдо намудани ҳамкориҳо изҳори хушнудӣ намуд. Зимни сӯҳбат ҷонибҳо доир ба роҳҳои дастгирии […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтьаи гузашта иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳониро бо роҳбарии Сандра Брока ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матуботи раиси вилоят, дар оғози мулоқот Абдураҳмон Қодирӣ меҳмононро ба сарзамини бостонии Суғд хайрамақдам гуфта, аз густариш пайдо намудани ҳамкориҳо изҳори хушнудӣ намуд.

Зимни сӯҳбат ҷонибҳо доир ба роҳҳои дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ,  истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди он тариқи корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ табодули афкор намуданд.

Дар мулоқот ҳамзамон лоиҳаи «Тиҷоратикунонии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуд. Сандра Брока, роҳбари лоиҳа иброз дошт, ки ҳадафи лоиҳаи мазкур баланд бардоштани сатҳи тиҷоратикунонии хоҷагиҳои деҳқониву фермерии ноҳияҳои алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи хизматрасониҳои молиявӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокӣ мебошад.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар ин замина ҳадафҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро бо Бонки Ҷаҳонӣ ҳамоҳанг хонда, изҳор дошт, ки дар соли оянда таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ ба хоҷагиҳои оилавию инфиродӣ ба нақша гирифта шудааст.

– Ин амал ба дастрасии бештари аҳолӣ ба замин мусоидат менамояд – таъкид намуд, Абдураҳмон Қодирӣ.

Дар охир ҷонибҳо барои вусъати ҳамкориҳо изҳори омодагӣ намуда,  ҷалби бештари таваҷҷӯҳ ба соҳаи кишоварзии вилоятро амри зарурӣ арзёбӣ карданд.

Бояд гуфт, ки ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ зимни сафари дурӯзаи худ ба вилояти Суғд бо фаъолияти ташкилоти хурди қарздиҳии «Имон интернешнл», «Бонки Эсхата» ва ҶДММ «Арванд» шинос гардида, аз як қатор корхонаҳои бандубасти меваи хушки шаҳри Исфара боздид хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.