Ёвон: Боздошти ҷинояткори аз толори суд фироркарда

Кормандони мақомоти милиса расо пас аз як шабонарӯз ҷинояткори рӯзи 13-уми декабр аз толори суд фироркардаро боздошт намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда суди ноҳияи Ёвон сокини маҳаллӣ Исфандиёр Акрамови 20-соларо барои дуздӣ ба 8 соли зиндон маҳкум кардааст. Ба иттилои манбаъ, пас […]

Аваз Юлдошев


Кормандони мақомоти милиса расо пас аз як шабонарӯз ҷинояткори рӯзи 13-уми декабр аз толори суд фироркардаро боздошт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ дод, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда суди ноҳияи Ёвон сокини маҳаллӣ Исфандиёр Акрамови 20-соларо барои дуздӣ ба 8 соли зиндон маҳкум кардааст.

Ба иттилои манбаъ, пас аз қироати ҳукм ба маҳкумшуда муяссар гардидааст, ки бевосита аз толори суд фирор намояд. «ВКД ҷустуҷӯи ҷинояткорро эълон намуда, расо пас аз як шабонарӯз ӯ боздошт ва ба тавқифгоҳи муваққатӣ оварда шуд», – иброз дошт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи далели фирори маҳкумшуда аз толори суд корҳои тафтишотӣ ҷараён доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.