«Газпром» озмоиши чоҳи «Шаҳринав-1п»-ро тобистони соли 2014 ба итмом мерасонад

Озмоишҳои геологӣ дар чуқурии чоҳи «Шаҳринав-1п» воқеъ дар минтақаи ҷанубу ғарби Тоҷикистон толбистони соли 2014 ба итмом мерасанд. Дар ин бора аз намояндагии ширкати Gazprom International дар Тоҷикистон хабар доданд. «Дар иншооти якуми чоҳи «Шаҳринав-1п» озмоишҳо ба охир расида, корҳои озмоишӣ дар иншооти дуюми чоҳ оғоз гардиданд. То тобистони соли 2014 натиҷаҳои озмоиш ҷамъбаст шуда, […]

Заррина Эргашева


Озмоишҳои геологӣ дар чуқурии чоҳи «Шаҳринав-1п» воқеъ дар минтақаи ҷанубу ғарби Тоҷикистон толбистони соли 2014 ба итмом мерасанд. Дар ин бора аз намояндагии ширкати Gazprom International дар Тоҷикистон хабар доданд.

«Дар иншооти якуми чоҳи «Шаҳринав-1п» озмоишҳо ба охир расида, корҳои озмоишӣ дар иншооти дуюми чоҳ оғоз гардиданд. То тобистони соли 2014 натиҷаҳои озмоиш ҷамъбаст шуда, то он замон мо бояд боз 6 иншооти дигар дар чоҳро мавриди санҷиш қарор диҳем», – гуфтанд дар ширкат.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи июни соли равон ширкати Gazprom International корҳои пармакунӣ дар чоҳи «Шаҳринав-1п»-ро, ки дар майдони нафтугаздори Сариқамиш дар Тоҷикистон воқеъ аст, ба нуқтаи ниҳоӣ – 6450 метр ба итмом расонид.

Ин рекорди нави мутлақи пармакунии чуқурӣ ба ин ҳадд дар таърихи пармакунии чоҳҳои нафту газ дар Осиёи Марказӣ мебошад. То имрӯз чоҳи нафти пастхамии Фарғона дар шимоли Ӯзбекистон (6112 метр) чуқуртарин чоҳ дар минтақа маҳсуб меёфт. Чоҳи чуқуртарини нафту газ дар Тоҷикистон «Каратау-1» (6101 метр) дар ҷануби ҷумҳурӣ мебошад, ки соли 1991 парма шудааст.

Ширкати «Газпром» барои баргузор намудани таҳқиқоти захираҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон ду иҷозатнома (майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) дорад.

Захираҳои пешакии газ дар минтақаи нафтугаздори Сариқамиш 18 млрд. метри мукааб, захираҳои нафт – 17 млн. тонна ва гази омехта дар нафт – 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд. Ҳаҷми сармоягузориҳо ба корҳои иктишофу ҷустуҷӯи геологӣ дар минтақаи «Сариқамиш» беш аз 1,5 млрд. рубли русиро ташкил медиҳанд.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Қобили зикр аст, ки талаботи Тоҷикистон ба гази табиӣ ҳудуди 1,2 млрд. метри мукааб дар як солро ташкил медиҳад. Аз рӯи натиҷаҳо соли 2012 дар Тоҷикистон 1,8 млн. метри мукааб газ истихроҷ шудааст.

Аввали моҳи ноябри соли равон собиқ вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Директори генералии ҶСП «Газпром ЭП Интернешнл Сервисиз Б.В» Гулев В.Л оид ба вазъ ва дурнамои фаъолияти минбаъдаи «газпром» дар Тоҷикистон

сӯҳбати телефонӣ

анҷом дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.