ФОКУС боз як марҳилаи лоиҳа оид идоракунии хатарҳоро ба итмом расонид

Фокус Кӯмаки Башардӯстона (ФОКУС) фаъолияти марҳилаи II-уми лоиҳаи “Баландбардории тахассус ва омӯзиши хатарҳои дурдасти геологӣи”–ро, ки аз тарафи Оҷонсии Швейтсария оид ба Рушд ва Ҳамкорӣ ва Департаменти Рушди умумиҷаҳонии Шоҳигарии Бритониёи Кабир маблағгузорӣ гардида буд, бо муваффақият ба анҷом расонд. Тавре аз намояндагии ташкилоти ФОКУС иттилоъ доданд, ҳафтаи гузашта ФОКУС гранти навро аз тарафи Оҷонсии […]

ASIA-Plus


Фокус Кӯмаки Башардӯстона (ФОКУС) фаъолияти марҳилаи II-уми лоиҳаи “Баландбардории тахассус ва омӯзиши хатарҳои дурдасти геологӣи”–ро, ки аз тарафи Оҷонсии Швейтсария оид ба Рушд ва Ҳамкорӣ ва Департаменти Рушди умумиҷаҳонии Шоҳигарии Бритониёи Кабир маблағгузорӣ гардида буд, бо муваффақият ба анҷом расонд.

Тавре аз намояндагии ташкилоти ФОКУС иттилоъ доданд, ҳафтаи гузашта ФОКУС гранти навро аз тарафи Оҷонсии Швейтсария оид ба Рушд ва Ҳамкорӣ барои пиёда намудани лоиҳаи “Ташкил намудани имкониятҳо дар муҳити бехатар: ворид намудани идоракунии хавфу хатар ба раванди рушди шаҳру деҳот” қабул намуд. Доираи фаъолияти лоиҳаи мазкур баҳамоварии маҷмӯи идоракунии хатарҳои дурдаст ва маҳаллӣ тавассути ФОКУС ва идоракунии захираҳои табиӣ/ вусъати даромаднокии кор тавассути Бунёди Оғохон/Барномаи Ҷонибдории Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистон (БҶИИМК) дар ду водии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бо фарогирии 90 ҷамоатҳоро дар бар мегирад.

Лоиҳаи “Хатарҳои Дурдасти – марҳилаи II” дар ҳамкории зич миёни Ҳукумати Олмон оид ба кӯмаки умумиҷаҳонӣ алайҳи гуруснагӣ (Welthungerhilfe) ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон; ВМКБ, ноҳияи Ҷиргатол ва водии Зарафшон бо мақсади мустаҳкам намудани устувории ҷамоатҳои манотиқи зикршуда ба хатари рахнашавии кӯлҳо, амалӣ гардид. Диққати асосӣ ба омӯзиши хатарҳои дурдасти геологӣ ва таъсири онҳо ба ҷомеаҳои дар масири ҳаракати онҳо қарордошта нигаронида шуд. Лоиҳаи “Хатарҳои дурдасти марҳилаи II” дар давоми фаъолияти худ саъю кӯшиши зиёдеро баҳри тақвияти устувории 50 ҷамоатҳои зери хатар қарордоштаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба харҷ дода, онро бомуваффақият ба анҷом расонид. Теъдоди умумии фоидагирандагони бевоситаи лоиҳа дар ҷомеаҳои зикршуда зиёда аз 55 000 нафарро ташкил дод.

Дастовардҳои лоиҳаи иборатанд аз баланд бардоштани тахассуси кормандони шарикони давлатӣ тавассути такмили маҳорати касбӣ,  анҷоми раванди “Баҳодиҳӣ ба хавфу хатар ва осебпазирӣ нисбати офатҳои табиӣ” дар 50 ҷамоатҳои ВМКБ, водии Зарафшон ва ноҳияи Ҷиргатол, гузарондани омӯзишҳо оид ба “Баланд бардоштани дараҷаи огоҳӣ ва омодагӣ ба офатҳои табиӣ” дар 46 ҷамоат, амалӣ намудани 42 лоиҳаҳои хурди митигасионӣ оид ба коҳиш додани дараҷаи хавфу хатар дар сатҳи ҷамоатҳо, насби 6 “Системаи огоҳкунии қаблӣ” барои пешакӣ хабардор намудани аҳли ҷамоатҳо аз офатҳои руйдиҳанда, васл намудани таҷҳизоти оддӣ барои назорат; асбоби ченкунии сатҳи об (обсанҷ), барф (барфсанҷ), ҳароратсанҷ ва боронсанҷ (асбоби шишагӣ барои ченкунии боришоти борон), ҷойгиркунии анбори захираҳои зарурӣ дар 10 маҳалла барои 400 хоҷагӣ бо мақсади истифода дар ҳолатҳои фавқуллода, баландбардории тахассус ва таҷҳизонидани 21 Гурӯҳи посухдиҳӣ ба ҳолатҳои фавқуллода дар сатҳи ҷамоат ва мӯзиши ҳавоии (бо чархбол) кӯлҳои пиряхӣ дар ВМКБ, Ҷиргатол ва водии Зарафшон.

Ташаббусҳо, натиҷаҳо ва дастовардҳои лоиҳа дар конфронсҳои байналхалқӣ, семинарҳои сатҳи миллӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд. Лоиҳаи мазкур дар хамкории зич бо ташкилоту корхонаҳои давлатӣ аз қабили; Саридораи Геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Идораи марказии Обуҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамоатҳои зерҳадаф амалӣ карда шуд ва ин бошад эътимоди онҳоро барои мустақилона посух додан ба ҳолатҳои фавқулодда зиёд намуда, барои боз ҳам ба самараноктар коҳиш додани хавфу хатари офатҳои табиӣ мусоидат намуд.

ФОКУС аз дастгирӣ ва сарпарастии маблағгузорон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шарикони худ, ки барои бомувафаққият ба анҷом расонидани лоиҳаи “Хатарҳои Дурдасти марҳилаи II” саҳми босазо гузоштанд, қадрдонии хеле зиёд намуда, умедвор аст дар оянда дар баланд бардоштани дараҷаи устувории ҷамоатҳоиҶумҳурии Тоҷикистон алайҳи офатҳои табиӣ боз ҳам саҳмгузор бошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.