Баррасии ҷанбаҳои гуногуни ҳамгиройии авруосиёӣ дар Душанбе

Санаи 17-уми декабр дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ: ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии ҳамгиройии авруосиёӣ» ба кор шурӯъ мекунад. Чорабинии мазкур аз ҷониби Маркази таҳқиқоти геополитикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо дастгирии сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон созмон дода мешавад. Тибқи хабари расида ба ОИ […]

ASIA-Plus


Санаи 17-уми декабр дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ: ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии ҳамгиройии авруосиёӣ» ба кор шурӯъ мекунад. Чорабинии мазкур аз ҷониби Маркази таҳқиқоти геополитикии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо дастгирии сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон созмон дода мешавад.

Тибқи хабари расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз кумитаи тадорукоти чорабинӣ, дар ҷараёни кори конфронс соҳаҳо ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни Тоҷикистону Русия, мушкилоти пешбурди манфиатҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити сиёсати ҷаҳонишавӣ баррасӣ мешаванд.

Дар кори ҷаласа ҳамчунин атрофи омилҳои байнулмилалии ҳалкунанда дар минтақа, моделҳои рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар аввали асри XXI, арзёбиҳои сиёсӣ,  иқтисодӣ ва гуманитарии ҳамбастагии авруосиёӣ табодули назар сурат хоҳад гирифт.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, баррасии дурнамои геополитикии минтақа дар партави назардошти омили вазъи Афғонистон пас аз соли 2014 низ дар назар аст. Барои иштирок дар кори конфронс ҳудуди 80 нафар даъват шуда, тақрибан 20 нафар маърӯза хоҳанд кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.