Боздошти як тоҷик дар Русия бо дархости Раёсати ВКД Хатлон

Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор дошт, боздошт намуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД ФР дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Лениград, субҳи рӯзи 12-уми декабри соли равон зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар вокзали Ладога, кормандони пулис шаҳрванди 33-солаи тоҷикро, ки дар ватанаш ба содир намудани […]

ASIA-Plus


Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор дошт, боздошт намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарраёсати ВКД ФР дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Лениград, субҳи рӯзи 12-уми декабри соли равон зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар вокзали Ладога, кормандони пулис шаҳрванди 33-солаи тоҷикро, ки дар ватанаш ба содир намудани ҷиноят гумонбар дониста мешавад, дастгир ва ҷиҳати нигаҳдорӣ ба тавқифгоҳи муваққатии шуъбаи пулис овардаанд.

Гуфта мешавад, боздоштшуда шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон Умар Неъматов будааст, ки мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ қарор доштааст.

Зимнан зикр мегардад, ки боздоштшуда дар ватанаш ба содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 307-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) гумонбар дониста мешавад. Ташаббускори ҷустуҷӯ Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон зикр шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.