Аз оғози сол арзиши хизматгузориҳо ба аҳолии Тоҷикистон ба андозаи 0,6% боло рафтанд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 11 моҳи соли равон арзиши хизматгузориҳо дар муассисаҳои фароғативу истироҳат ва осоишгоҳҳо – 25%, ҳаммом ва макони оббозӣ – 16,1%, берун баровардани партовҳои маишӣ – 7,3%, таъмири пойафзолу сартарошхонаҳо – 3,5%, аксбардорӣ – 1,3% ва хушкашӯи (химчистка) – 1% афзудаанд.
Дар баробари ин дар маълумоти Агентии омор зикр мегардад, ки дар ин давра коҳиши нархҳо ба гази моеъ ба андозаи 4,3%, арзиши роҳкиро дар роҳи оҳан – 3,2% ва роҳкиро ба нақлиёти ҳавоӣ ба миқдори 0,4% ба қайд гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, тӯли 11 моҳи соли равон сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 3,4%-ро ташкил дода, дар ин давра арзиши маҳсулоти ғизойӣ – 2,8% ва маҳсулоти ғайриғизоӣ – 6,1% боло рафтааст.



