СММ: Иқтисоди ҷаҳон барқарор мешавад, вале бекорӣ коҳиш намеёбад

Тибқи пешгӯии ахири коршиносони Департаменти СММ оид ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, суръати афзоиши иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли 2014 ба 3% ва соли 2015 ба 3,3 % мерасад. Соли равон ин нишондиҳанда каме бештар аз 2%-ро ташкил дод. Коршиносон зикр кардаанд, ки Аврупо дар ниҳояти кор аз буҳрон раҳо ёфта, дар ИМА суръати афзоиши иқтисодӣ […]

ASIA-Plus


Тибқи пешгӯии ахири коршиносони Департаменти СММ оид ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, суръати афзоиши иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли 2014 ба 3% ва соли 2015 ба 3,3 % мерасад. Соли равон ин нишондиҳанда каме бештар аз 2%-ро ташкил дод.

Коршиносон зикр кардаанд, ки Аврупо дар ниҳояти кор аз буҳрон раҳо ёфта, дар ИМА суръати афзоиши иқтисодӣ каме зиёд шудааст ва ба Чину Ҳиндустон муяссар гардидааст, ки коҳиши суръати афзоиши тайи ду соли охири ҷараёндоштаи иқтисодро боздоранд. Дар ин кишварҳо суръати афзоиш мутаносибан 7,5 ва 5%-ро ташкил хоҳад дод.

Гуфта мешавад, дар Русия соли 2013 бар асари коҳиши ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ ва сармоягузорӣ поинравии суръати болоравии иқтисод идома ёфта, соли 2014 афзоиши начандон қобили мулоҳиза дар ҳаҷми 2,9 фоиз дар назар аст.

Ёвари Дабири кулли СММ оид ба рушди иқтисодӣ Шамшод Ахтар зикр кардааст, ки дар бозори меҳнат пешравӣ ба мушоҳида нарасида, нишондиҳандаҳои бекорӣ ҳамоно коҳиш меёбанд. «Мо бештар аз рукуду беҳаракатӣ дар бахши талабот ва пешниҳод дар бозори меҳнат нигаронӣ дорем, ки бар асари он нишондиҳандаҳои бекорӣ хеле баланд боқӣ мемонанд. Дар аксари минтақаҳо мизони бекорӣ миёни ҷавонон ва қишри осебпазири аҳолӣ беҳад баланд аст», – гуфтааст номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.