Талабҳои нави қирғизҳои дар марзи Тоҷикистон гирдомада

Сокинони мавзеи наздимарзии Оқсойи вилояти Ботканди Қирғизистон, ки дар марз бо Тоҷикистон гирдиҳам омадаанд, талабҳои нав пешниҳод мекунанд. Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки гуфтушунидҳои раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидов ва дар маҷмӯъ намояндагони вилояти Суғд бо намояндагони сохторҳои ҳукуматии вилояти Ботканди кишвари […]

Аваз Юлдошев


Сокинони мавзеи наздимарзии Оқсойи вилояти Ботканди Қирғизистон, ки дар марз бо Тоҷикистон гирдиҳам омадаанд, талабҳои нав пешниҳод мекунанд.

Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки гуфтушунидҳои раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидов ва дар маҷмӯъ намояндагони вилояти Суғд бо намояндагони сохторҳои ҳукуматии вилояти Ботканди кишвари ҳамсоя то нимаи шаби дирӯз сурат гирифта, субҳи имрӯз низ дубора идома ёфтанд. «Айни замон низ гуфтушунидҳои раиси шаҳр ва муовини аввали раиси вилоят Ҷумъабой Сангинов бо раҳбарияти вилояти кишвари ҳамсоя ҷарён дошта, ҷонибҳо роҳу воситахои раҳоӣ аз чунин вазъро баррасӣ мекунанд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Тешаев, сокинони Қирғизистон далелҳои оварда ва машваратҳои раҳбарияти вилояташонро гӯш надода, нияти парокандашавӣ хам надоранд ва бобати таъҷилан барқарор кардани корҳои сохтмон дар роҳи мошингарди Оқсой – Тамдикро, ки тавассути мавзеи Бедаки ҷазирақаламрави Ворухи Тоҷикистон мегузарад, талаб доранд. «Сохтмони ин роҳ моҳи апрели соли ҷорӣ бо қарори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон мутаваққиф шуда буд», – иброз дошт котиби матбуотӣ.

Номбурда ҳамчунин гуфт, он замон намояндагони ҳукуматҳои ҳарду ҷониб ба хулосаи ягона расида буданд, ки роҳи мазкур бояд баъди аломатгузории марзи давлатии Тоҷикистону Қирғизистон сохта шавад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 17-уми декабр дар мавзеи Оқ-Сойи ноҳияи Ботканд, наздикии марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар як сохтмони бинои бӯстонсарои мутааллиқ ба шаҳрванди Қирғизистон сӯхтор ба амал омад.

Сокинони мавзеъ шаҳрвандони Тоҷикистонро дар сар задани ин сӯхтор гумонбар дониста, дар ин робита шаҳрвандони ҳарду кишвар

роҳи мошингарди Исфара-Ворухро бастанд

ва аз ҳарду ҷониб издиҳоми иборат аз ҳудуди 200 нафар ба мушоҳида мерасид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.